Анонс

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии корхонаи «Тоҷикагролизинг» баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

- Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз  соати 11-00;

- Дар нишасти хабарии Вазорати адлияи Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2015 ба журналистон маълумот дода мешавад. Оғоз соати 14-00.

- Дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали ин вазорат доир мегардад. Оғоз соати 15-00;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 6.7948 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1170 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1941 – Халабонони ҳавопаймоҳои қиркунандаи шӯравӣ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои зиддиҳавоӣ нахустин ҳуҷуми шадиди беш аз 250 ҳавопаймоҳои бомбафкани фашистӣ ба Маскавро муваффақона зада гардонида, 22 ҳавопаймои душманро нобуд карданд.

1989 — Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қонун «Дар бораи забон»-ро қабул кард.

2002 – Дар Душанбе миёни ҳукумати ИМА ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки техникӣ дар таҳияи қонунгузорӣ оид ба маблағгузории хурд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

2009 — Зимни суханронӣ дар маҷлис ба муносибати қабули қонун «Дар бораи забон» Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди ҳукумати ҷумҳуриро пешниҳод намуд.

2010 — Дар гузаргоҳи марзии «Панҷи Поён» маҷмааи нави назорати гумрукӣ боз шуд.

1935 – Зодрӯзи рассом Рашид Абдурашидов.

1938-2010 – Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фаттоҳ Одинаев.

1939 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Пӯлодов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан фаромадани чангу ғубор дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +28+33.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +17+22.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, каме чангу ғубор мефарояд.    

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.