Як ҳайати воломақоми шаҳри Санкт-Петрбурги Русия таҳти сарварии сардори шуъбаи муҳоҷирати корӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоёни Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Олга Козлова аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи маркази бо кор таъмин намудани кӯлобиҳо дар ин шаҳри Русия иштирок кард.
Сардори шуъбаи хадамоти муҳоҷирати Кӯлоб Икром Раҳимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ифтитоҳи марказ иқдоми муҳим дар рушди ҳамкорӣ оид ба таъмини корхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург бо қувваи корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ҳамчунин дар ҳаллу фасли вазифаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи Кӯлоб низ саҳм хоҳад гузошт.
«Ба ҳамагон маълум аст, ки зимни коркобӣ дар Русия шаҳрвандони мо зимни дарёфти сертификати супоридани имтиҳоноти ҳатмӣ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия, суғуртаи тиббӣ, патент, қайд барои зисти муваққатӣ ва ғайра бо чӣ гуна мушкилоте дучор мешаванд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки маркази мазкур ба ҳалли ҳамаи ин гуна мушкилот мусоидат хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста