Рӯзи 27 июли соли 2015 Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистонро баргузор намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти кунунӣ ва нақша-чорабиниҳои ояндаи клубҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар рафти ҷаласа 5 аъзои нав ба узвияти клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон қабул гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар рафти ҷаласа аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО ба мувофиқа расиданд, ки бахшида ба 70 - солагии Созмони ЮНЕСКО муштаракан як қатор чорабиниҳо баргузор намуда, минбаъд баҳри боз ҳам тавсеа бахшидани ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО дар ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар фарҷоми ҷаласа ба тамоми аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО гувоҳинома супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО баъд аз ду соли таъсисёбии Созмони ЮНЕСКО оғоз гардида, аввалин клуби ЮНЕСКО 19 ноябри соли 1947 дар шаҳри Сендайи Япония таъсис ёфт. Ҳадафи асосии клубҳои ЮНЕСКО ташвиқу тарғиби ғояҳо ва арзишҳои ЮНЕСКО дар ҷаҳон, мусоидат ба тафоҳуми байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва сулҳи умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО соли 2011 дар ҳайати 4 клуб фаъол гардида буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста