Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ташаббуси созмону ташкилотҳо ва соҳибкорони тоҷик дар ин кишвар бобати таъсиси ситоди умумирусиягии кумак ба осебдидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистонро комилан ҷонибдорӣ намуд.
Ба гуфтаи намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, дар мавриди ин масъала сафири ҶТ дар Русия Имомуддин Сатторов изҳор доштааст, ки имрӯз сокинони чанде аз ноҳияҳои кишвар, ки бар асари офати табиӣ аз ҳама чизашон маҳрум шуданд, аз ҳама бештар ба дастгирӣ ниёз доранд.
«Дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ Тоҷикистон ба кумак эҳтиёҷ дошта, дар ин робита мо ин ташаббусро ҳамаҷонба дастгирӣ мекунем ва ба ҳамоҳангсозии кори ин ситод омодаем. Диаспораи мо дар Русия яке аз сершумортаринҳост, миёни мо соҳибкорону тоҷироне ҳузур доранд, ки барои кумак ба аҳолии ниёзманд имкон доранд», - гуфтааст ӯ.
Бо пешниҳоди директори генералии корхонаи коркард ва бастубанди меваи «Исфа-групп»-и Маскав Фахриддин Қурбонов, узви Шӯрои ҷамъияти назди сафорати ҶТ дар Русия Давлатхон Азизов роҳбари ситоди умумирусиягии кумак ба осебдидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистон интихоб шудааст.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Помир» Алимамад Боймамадов пешниҳод кардааст, ки нақшаи ташкили корҳои ҷамъоварии воситаҳо тариқи суратҳисобҳои бонкӣ, ки қаблан бо ин мақсад дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудаанд, таҳия гардад. Айни замон механизми ҷамъоварӣ ва ирсоли кумаки башардӯстона, аз қабили сарулибос ва ғайра таҳия мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста