Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бунёди майдончаҳои бозӣ ва истироҳат барои кӯдакон дар назди манзилҳои навсохтро таҳти назорати худ мегирад.
Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов дар ин робита изҳор намуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки майдончаҳо барои бозии кӯдакони ҳанӯз замони шӯравӣ бунёдшударо барқарор намоянд ва 10 рӯз қабл назди ҳукумати шаҳр як сохтор таъсис дода шудааст, ки ба бунёди майдончаҳои нав барои кӯдакон ва барқарор кардани майдончаҳои вайроншуда машғул мешавад.
«Ғайр аз ин, бо супориши раиси пойтахт айни замон дар тамоми ноҳияҳои шаҳр 69 майдонча барои кӯдакон сохта шуда истодааст, ки барои сохтмони ҳар кадоме аз онҳо аз буҷети шаҳр 500-600 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад», - гуфт муовини раиси шаҳр.
Ба гуфтаи ӯ, минбаъд тамоми ширкатҳои сохтмонӣ бунёди майдончаҳо барои кӯдакон дар назди манзилҳои навсохтро бояд ба инобат гиранд, вагарна барои сохтмон иҷозатнома дода намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Фирдавс21 сентябр, 2015 23:33
Чаро муовини раиси шаҳри Душанбе ба забони давлатӣ сӯҳбат намекунад? Оё намедонад? Новобаста, бо кадом забон савол шуд, корманди давлатӣ бояд ба забони тоҷикӣ сухан ронад.