Ҳукуматдорони Қирғизистон дар рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд.
Муовини нахуствазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев ба ВАО кишвараш дар ин робита гуфтааст, «бо назардошти вазъи мавҷуда дар кишвари ҳамсоя, айни замон ҳама гуна кумак бамаврид аст».
«Мо бо Тоҷикистон муносибатҳои хуби ҳамҷаворӣ дорем ва ахиран он густаришу таҳким меёбад. Мо бояд ҳарчи зудтар ин масъаларо ҳал намуда, мувофиқи имкон чизи дархосткардаи онҳоро расонем», - иброз доштааст Маматалиев.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон Тоҷикистон ба сӯзишвории дизелӣ, семент, арматура, трансформаторҳо, маводи болопӯши биноҳо ва дигар масолеҳи сохтмон ниёз дошта, ғайр аз ин, Душанбе бо дархости иҷозати гузаштани қатораҳои автомобилҳо бо кумаки башардӯстона тариқи қаламрави кишвар ба ҳукумати Қирғизистон муроҷиат кардааст.
«Ман ба тамоми сохторҳои дахлдор дастур додам, ки дар ин масъала барои ба вуҷуд наомадани мушкилот мусоидат намоянд», - қайд кардааст муовини нахуствазир ва таъкид доштааст, ки қатори автомобилҳо бо кумаки башурдӯстонаро бояд ВКД Қирғизистон ҳамроҳӣ кунад.
Маматалиев зикр кардааст, ки ирсоли кумаки башурдӯстонаи Қирғизистон ба аҳолии осебдидаи кишвари ҳамсоя ҳафтаи оянда ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, ба роҳбарони мақомоти давлатии Қирғизистон дастур дода шудааст, ки ҷиҳати кумак ба сокинони аз офат осебдидаи Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкориву тиҷоратии кишвар гуфтушунид намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста