Толибилми синфи 11-уми гимназияи «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия Меҳрубон Тӯраев дар олимпиадаи байнулмилалӣ медал ба даст овард. Ин дафъа Меҳрубон дар Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба информатика IOI-2015, ки ахири моҳи июл дар Алмаато доир гардид, ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.
Дар ин олимпиада ҳудуди 330 нафар толибилмон аз 83 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзида, Тоҷикистонро 4 нафар хонандагон намояндагӣ карданд.
Меҳрубон Тӯраев қаблан низ Тоҷикистонро дар олимпиадаҳои сершумори байнулмилалӣ намояндагӣ карда, ба диплому медалҳо шарафёб гардидааст.
Аз ҷумла ӯ се маротиба пайдарҳам медалҳои Олимпиадаи Жаутиковск аз фанни математика, физика ва информатика (соли 2013 - биринҷӣ, соли 2014 - нуқра ва тилло), медалҳои Олимпиадаи даставӣ оид ба барномарезии умумирусиягӣ (соли 2013 - биринҷӣ ва соли 2014 - нуқра), медали тиллои Олимпиадаи кушода оид ба барномарезӣ, медали тиллои Asian pacific international olympiad (Австралия) ва ғайраро ба даст овардааст.
Имсол Меҳрубон гимназияро хатм намуда, таҳсилашро дар яке аз мактабҳои олии бонуфуз идома доданист. Ӯ аз бисёре аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон ва Ҷопон даъватнома барои таҳсилро дорад. Ҳамчунин Меҳрубон аз корпоратсияи дар ҷаҳон маъруфи Google барои кор даъватнома гирифтааст.
Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба информатика (IOI) ҳамасола миёни хонандагони мактабҳои миёна гузаронида мешавад. Ин олимпиада бори нахуст соли 1989 доир гардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста