Рӯзи 5 август бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳи автомобилгарди Кӯҳистони Мастчоҳ-Ғончӣ тавассути ағбаи Оббурдон расман мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матюуоти раиси вилояти Суғд, тавассути роҳи ағбаи Оббурдон мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва қисман ноҳияи Айнӣ ба дигар минтақаҳои вилоят рафту омад мекунанд.
Аксари минтақаҳои ин роҳ дар чанд соли ахир бар асари резиши хок хароб гардида, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт хатарнок буд. Бо дастгирии Раиси вилоят барои омода намудани роҳи мазкур беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидаву инак роҳи мазкур аз таъмир бароварда шуд.
Роҳи ағбаи Оббурдон, ки аз солҳои 80-уми асри гузашта ба ин сӯ мавриди истифода қарор дорад, дар маҷмӯъ 50 км аст. Тавассути ин роҳ сокинони минтақаҳои кӯҳӣ аз моҳи июн то моҳи ноябр рафтуомад мекунанд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, истифодашавии роҳи мазкур барои сокинон қариб 100 километр роҳро наздик месозад.
Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо роҳсозон таъкид намуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, дар идомаи соли роҳҳои обод тасмии гирифтааст, ки имсол 3120 км роҳҳои вилоятро таъмир намояд. Маҳз бо мақсади осон намудани мушкилоти сокинон роҳи ағбаи Оббурдон низ таъмир карда шуд.
Зимни сӯҳбат аз ҷониби идораи роҳсозии вилоят барои васеъ кардани 5 гардиш ва фароҳам овардани имконияти мусоид ба ҳаракати нақлиёти боркашони калонҳаҷм гузаронидани корҳои таркишӣ дар ҳама гардишгоҳҳо пешниҳод карда шуд. Ин пешниҳодро Раиси вилоят дастгирӣ намуд. Барои иҷрои корҳои таркишӣ бо ҷалби мутахасисони соҳаи куҳкорӣ дастур дода шуд ва давоми як моҳ корҳои васеъкунӣ ба итмом расонида шуда, ағба пурра ба фаъолият оғоз менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста