Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҷавонон, ки ҳамасола санаи 12 август дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Душанбе як қатор чорабиниҳо доир мегарданд.
Тавре аз намояндагии Фондии СММ оид ба аҳолӣ (UNFPA) дар ҶТ хабар доданд, имсол Рӯзи байнулмилали ҷавонон таҳти шиори «Фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе як чорабинии бузургмиқёс гузаронида мешавад, ки ба ҷалби ҷавонон ба ҳаллу фасли мушкилоти кунунии ҷомеа ва рушди устувори ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҳамсол ба ҳамсол» дар ҳамдастӣ бо дигар созмонҳои миллӣ ва намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ барпо карда мешавад. Шарики доимии баргузории чорабинӣ намояндагии UNFPA дар Тоҷикистион мебошад.
Чорабинӣ дар бинои маҷмааи савдои «Пойтахт-90» баргузор шуда, аз қисматҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ иборат аст. Дар қисмати аввал ярмаркаи барномаҳо барои ҷавонони созмонҳои миллӣ ва байнулмилалӣ, ҷойҳои корӣ ва имконот барои ихтиёрӣ шудану таҷрибаомӯзӣ дар ин созмонҳо доир мегардад.
Ҳадафи аслии қисмати дуюми чорабинӣ ба маърази тамошо гузоштани навъҳои гуногуни эҷодиёти ҷавонон аст. Барнома ба ҷавонони боистеъдод, аксбардорон, косибону ҳунармандон имкон медиҳад, ки маҳсули ҳунару эҷоди худро ба мардум намоиш диҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста