Рӯзи 12-уми августи соли 2015 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг Чонгли, директори Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Ши ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои ҶТ, зимни мулоқоти ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамсарҳад сухан рафта таъкид гардид, ки дар оянда низ робитаҳои илмӣ ва муносибатҳои илмӣ-ташкилӣ байни ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Академик Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон аз дастовард ва таҷрибаҳои илмӣ-амалии олимони тоҷик дар соҳаи таҳқиқотҳои бунёдӣ сухан ронда, меҳмононро роҷеъ ба дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба робитаҳои хуби илмӣ бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуда иброз дошт, ки дар оянда низ ин гуна ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид.
Дар мулоқот рафти корҳо оид ба ташкил намудани Маркази байналмилалии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ки бо дастгирии Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Сипас, ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи кӯҳии ботаникии мавзеи «Кондара» воқеъ дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста