Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд аввалин маротиба дар миқёси кишвар лоиҳаи ҷадиди меъморию сохтмонӣ бо ҷалби ширкати сохтмонии хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, амалишавии лоиҳаи мазкур бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон рӯи кор омада, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази шаҳр сохта мешавад. Дар нақша ҳаст, ки дар ин мавзеъ сохтмони маҷмаи биноҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ бунёд гардад.
Дар робита ба ин рӯзи 13 август шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ширкати давлатии сохтмонии «Пекин» - Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳи меъморону сохтмончиёнро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қабул пазируфт.
Зимни мулоқоти судманд ҳайати кории меҳмонон оиди нақшаи мукаммал ва лоиҳаи сохтмонро ба раиси шаҳр муаррифӣ намуданд. Дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ сохтмони 15 бинои баландошёна барои 1200 хонавода, бунёди мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.
Чунон ки дар мулоқот зикр гардид, оғози корҳои сохтмон дар асоси созишнома ва нақшаи муштараки мақомоти маҳаллӣ соли ҷорӣ пешбинӣ шуда, сокинони маҳали дар он ҷо иқомат дошта ба тариқи шартномаи тарафайн бо ширкати сохтмонӣ бо манзил таъмин карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста