Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид қариб 2,2 баробар афзудани шумори аҳолии Тоҷикистон то соли 2100-ро пешгӯӣ мекунанд.
Дар гузориши нави СММ дар бораи дурнамои афзоиши аҳолӣ дар саросари ҷаҳон ( World population prospects ) дар ин робита зикр мегардад, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 482 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки қариб 35%-ашон наврасони синни то 14-сола мебошанд.
Гуфта мешавад, соли 1950 шумори аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ ба 1 млн. 532 ҳазор нафар баробар буд. Таҳлилгарони СММ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2030 шумори аҳолии Тоҷикистон то 11,2 млн. нафар, соли 2050 - то 14,2 млн. нафар ва соли 2100 - то 18,5 млн. нафар зиёд мешавад.
Дар ҳамин ҳол, шумори наврасони синни то 14-сола дар соли 20150 то 27% ва то соли 2100 - то 18% коҳиш ёфта, шумори нафарони аз 60-сола боло меафзояд. Агар соли 2015 шумори нафарони синни аз 60-сола боло ҳамагӣ 5% аз шумори умумии аҳолиро ташкил диҳад, пас дар соли 2050 ин нишондиҳанда то 13,2% ва то соли 2100 то 25% зиёд мешавад.
Бино ба маълумоти гузориши мазкур, то соли 2050 шумори аҳолии саросари ҷаҳон беш аз 2 млн. нафар афзуда, то ба 11,2 млрд. нафар мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста