Моҳи июли соли ҷорӣ беш аз 42 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд, ки нисбат ба моҳи июли соли гузашта 11,8% камтар аст.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 383 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% камтар мебошад.

«Коҳиши сатҳи муҳоҷирати кории тоҷикистониён ба вуруди онҳо ба Русия аз 1 январи соли 2015 бо шиносномаҳои хориҷӣ ва тағйироти воридшуда ба қонунгузории ин кишвар дар бахши фаъолияи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хориҷӣ марбут аст», - гуфта мешавад дар гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ «Мониторинг ва огоҳии пешакӣ дар Тоҷикистон».

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 6 август беш аз 985 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла зиёда аз 827 ҳазор нафар мардон ва ҳудуди 158 ҳазор нафар занон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Ин шумор аввали сол каме бештар аз 999,1 ҳазор нафарро ташкил медодааст.