Анонс

- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов гуфтушунид анҷом медиҳад;

- Дар лагери тобистонаи «Дониш»-и Академияи хурди илмҳои ҶТ дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти сураткаш Павел Федотов» экскурсияи сайёри виртулӣ ба Осорхонаи русӣ доир мегардад;

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия барои шахсоне, ки барои таҳсил ба Русия мераванд, бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва намояндагии Россотрудничество семинар-тренинг баргузор мешавад;

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия маросими ифтитоҳи соли нави хониш дар курсҳои забони русии ин марказ барпо мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2997 сомонӣ;

1 евро – 6.9473 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 28 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2001 - Собиқ раиси «Ориёнбонк» Ғаффор Идиев ба иттиҳоми кумаки молӣ ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муакалов ба ҳабс гирифта шуд.

2007 — Суди олии ҶТ собиқ маҳбусони зиндони Гуантанамо, сокинони ноҳияи Исфараро ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

2011 — Президент қонун «Дар бораи афв»-ро ба имзо расонид, ки мутобиқи он 4 ҳазор нафар маҳбусон озод карда шуданд.

1936 – Зодрӯзи шоир Наимҷон Назирӣ.

1939 – Мавлуди шоир Мақсуди Гулчин.

1953 – Зодрӯзи Мирзошоҳрух Асрорӣ, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.

1957 – Мавлуди сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Озодамоҳ Мӯҳтарамова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +29+34; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +15+20.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+34.