Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази савдои «Пойтахт-90» озмун эълон карда шуд.
Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, озмун давоми як моҳ - аз 20 август то 20 сентябр гузаронида шуда, на дертар аз 24 сентябр аз он натиҷагирӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки маросими расмии ифтитоҳи маркази савдои «Пойтахт-90» дар шаҳри Душанбе рӯзи 5 сентябри соли 2014 бо ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Бинои марказ аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.
Маблағи умумии ҷудошуда аз буҷети шаҳри Душанбе барои сохтмони ин иншоот, ки муддати 22 моҳ қомат афрохт, 202,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста