Ба роҳбари Хадамоти федралии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия Константин Ромодановский пешниҳод шудааст, ки тарҳи тоҷикӣ ва ӯзбекии сомонаи расмии ин ниҳод низ тарҷума ва таҳия гардад.
Бино ба маълумоти нашрияи «Известия», роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Кишвари бидуни нажодпарастӣ ва бегонапарастӣ» ва узви лоиҳаи «Перспектива»-и Русия Баҳром Исмоилов бо чунин пешниҳод ба роҳбари ХФМ Русия муроҷиат кардааст.
Дар номаи Исмоилов ба ин ниҳод зикр шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ забони русиро ба қадри кофӣ намедонанд, то ки аз тамоми маълумот дар ин сомона пурра огаҳӣ дошта бошанд, аз ин рӯ, беихтиёр ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд.
Аз ХФМ ба ин дархост посух додаанд, ки «дар доираи қарордоди давлатӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастгирии сомонаи расмии интернетии ХФМ Русия» таҳияи сомона бо забони англисӣ пешбинӣ шуда, 1 декабри соли равон анҷоми корҳо дар ин самт дар назар аст, вале таҳияи сомона ба забонҳои тоҷкиву ӯзбекӣ, масъалаи бисёраҳлӯ буда, маблағгузории иловагиро талаб мекунад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста