Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявии хайрияи «Роҳ сӯи даргоҳи дониш»-ро барпо мекунад.
Котиби матбуотии ХҲДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин аксия тамоми бахшҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ибтидоии ҳизб ба кӯдакони ятим, наврасони имконоташон маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат барои тайёрӣ ба таҳсил дар соли нави хониш кумак мекунанд.
«Дар чаҳорчӯби иқдоми мазкур дар саросари ҷумҳурӣ ба ин гуна кӯдакон сарулибоси мактабӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар асбобу лавозимоти хониш тақдим карда мешавад», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин аксия беш аз 15 ҳазор нафар толибилмон дар саросари ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳудуди 40%-и аъзои ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳарду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста