Анонс

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Русия барои толибилмони мактабҳо чорабинии идона баргузор мешавад;

- Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт маросими анҷоми Ҳафтаи мӯд дар Душанбе доир мегардад. Оғоз соати 19-00. Намоишҳо аз Khursheda Sattorov, Ikat House, iamdifferent, Fashion Jivj, аз Нафиса Имронова, Олег Беда (Бишкек). Ҳунарнамоии Ҷонибек Муродов, Шабнами Сураё.  Арзиши билетҳо 50 сомонӣ.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2987 сомонӣ;

1 евро – 7.0394 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1008 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи илми тоҷик

1936 — Таъсиси Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода.

1981 – Олимон бори нахуст дар бораи гармшавии глобалӣ дар Замин хабар доданд.

1997 — Президенти ҶТ Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвияти мубориза бо терроризм»-ро ба имзо расонид.

2008 — Дар Бозиҳои XXIX Олимпиадаи тобистона варзишгари тоҷик дар гӯштии тарзи озод (вазни то 84 кило) Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба гирифтани медали нуқра мушарааф гардид.

2014 — Шабакаи писандидаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон Facebook бо забони тоҷикӣ низ дастрас шуд.

1926-2006 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Оиша Сарварова.

1927 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Владимир Барботко.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.