Президенти Русия Владимир Путин як гурӯҳ журналистон, аз ҷумла рӯзноманигорони хабаргузории ТАСС-ро бо унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонид.
Дар қатори дигар рӯзноманигорон хабарнигори ИТАР ТАСС дар Тоҷикистон Галина Гриднева низ ба унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия» сазовор дониста шуд.
Галина Гриднева яке собиқадорони журанлистикаи Русия маҳсуб ёфта, шурӯъ аз соли 1992 аз зумраи хабрнигорони варзидаи ИТАР ТАСС дониста мешавад.
Соли 1996 замони даргириҳо дар Тоҷикистон бо фармони президенти Русия Борис Елтсин Галина Гриднева бо Ордени шуҷоати «Барои ҷасорат ва қаҳрамонӣ, ки зимни иҷрои қарзи касбӣ ва шаҳрвандӣ зоҳир шудааст» қадрдонӣ шудааст.
Галина Гриднева ҷоизадори чандин озмунҳои умумирусиягӣ аст. Ӯ аз касбияти баланд бархӯрдор буда, аз равандҳои дохилӣ ва берунии кишвари иқоматаш ба хубӣ огаҳ аст ва саривақту фаврӣ дар ин хусус маълумот медиҳад.
Тайи 15 соли ахир мавзӯи асосии маводи ӯ муносибатҳои Тоҷикистону Русия боқӣ мемонад. Галина Гриднева муддати 15 сол дар ТоҷикТА (феълан АМИТ «Ховар») маҳорати касбӣ азхуд кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста