Рӯзи 23 август собиқ сардабири маҷаллаи русзабони «Помир» Муллоҷонов Масъуд Саидович дар синни 88-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Солҳои ахир Масъуд Муллоҷонов аз бемориҳои зиёде азият мекашид. Тайи моҳҳои ахир бошад, пурра нобино шуда, бар асари чандин маротиба афтидан ҷароҳатҳои зиёд бардошта буд.
Дар маросими видоъ дӯстону ҳамкорон ҷамъ шуда, таъкид доштанд, ки ба туфайли талошҳои Масъуд Муллоҷонов ва мусоидати Мизо Турсунзода маҷаллаи «Помир» таъсис дода шуд, ки дар таблиғи адабиёти мусоири тоҷик дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми босазо гузошт.
Гузашта аз ин, Масъуд Муллоҷонов ба сифати мунаққиди адабӣ ва публисист худаш низ дар бораи мушкилоти Тоҷикистон бисёр мавод менавишт. Муддати солҳои тӯлонӣ ӯ ба ҳайси хабарнигори «Литературная газета» дар Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар саҳифаҳои он масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи рушди Тоҷикистони шӯравиро инъикос мекард. Марҳум дар сохтмону мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани иншооту корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон, аз қабили нерӯгоҳи Норак, Корхонаи алюминии Тоҷикистон ва Комбинат кимиёвии Ёвон низ саҳми беандоза дорад.
Масъуд Муллоҷонов се фарзандро тарбия кардаву ба камол расонид. Писари ӯ Парвиз Муллоҷонов сиёсатшиноси маъруфи тоҷик аст, ки аксари ВАО-и ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар зимни инъикоси ин ё он рӯйдоди муҳим андешаҳои ӯро интишор мекунанд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешону наздикони марҳум тасаллият изҳор намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста