Нимаи дуюми соли равон дар яке аз зеботарин дараҳои Помир - Вездара, ки дар ноҳияи Роштқалъаи ВМК воқеъ аст, Ҷашнвораи табиати зинда доир мегардад.
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавзӯи меҳварии ҷашнвора шиносоӣ бо усулҳои шикори маъмулии помириҳо ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии минтақа аст.
Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинии якрӯзаи экологиву маърифатӣ ва фарҳангӣ ба эҳёву таблиғ ва табодули мероси ғании наслҳои пешин оид ба усулҳои шикор, омӯзишу шиносоӣ бо донишу малакаҳои маъмулии мардуми Помир оид ба ҳифз ва истифодаи табитати зинда ва ҳамчунин ҷалби сайёҳони экологӣ ба минтақа мусоидат мекунад.
«Дар ҷашнвора кӯдакону наврасон, шикорчиёни соҳибтаҷриба, фаъолони ҷамоатҳо аз минтақаҳои вилоят ширкат варзида, ҳамчунин аз иштироки меҳмонони сершумори хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳон интизорӣ меравад», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки ҷашнвораи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, ҳукумати ноҳияи Роштқалъа дар ҳамдастӣ бо иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир», Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, ҶСП «ТТ Мобайл» ва ширкатҳо дар соҳаи шикори «Барс» ва «Восток» созмон дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста