Аз шаҳри Хуҷанд имсол 165 нафар сафари ҳаҷ мекунад. Бо мақсади раҳнамоӣ ва гусел Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо зоирин вохӯрд. Дар вохӯрии мазкур муовинони раиси шаҳр, Раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва намояндагони бахши дин иштирок карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хкҷанд, ҳамзамон Раиси шаҳр аз зоирин хоҳиш кард, ки ҳангоми аз сафари ҳаҷ баргаштан, дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия кардани ҷавонону наврасон саҳмгузор шаванд.
Сипас, ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода тамоми аркону қоидаҳои иҷрои ҳаҷро ба зоирин фаҳмонида, хоҳиш кард, ки ба 4 нафар роҳбаладе, ки онҳоро давоми сафар ҳамроҳӣ мекунанд, пайравӣ намоянд. Зеро, роҳбаладон дониши комили динӣ дошта, аз тамоми қоидаҳои ҳаҷ ва таърихи дини ислом бохабаранд.
Қобили зикр аст, ки имсол низ из Кумитаи дини ҷумҳурӣ тамоми зоиринро бо либоси ягона, ки рамзи Тоҷикистонро дорад ва ҷувздонҳои калони борбардор таъмин кард.
Зоирин санаи 1-уми сентябр аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара тариқи ҳавопаймоҳои ватанӣ парвоз мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки имсол 6 ҳазору 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд. Арзи ҳаҷҷи имсолаи тоҷикистониён ҳудуди 23 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 3 ҳазору 800 доллари ИМА мукаррар шудааст. Соли гузашта арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ ё худ 3 ҳазору 650 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, имсол ҳукуматдорони Тоҷикистон ба синнусоли зоирин низ маҳдудият ҷорӣ карданд ва шаҳрвандони синни то 35-сола аз ҳуқуқи адои маросими ҳаҷ маҳрум карда шуданд. Ҳадафи қабули ин қарорро «эҳтиром гузоштан ба афроди калонсолу пирон, ки орзуи зиёрати Хонаи Худоро доранд», шарҳ дода буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста