Ҷаноби Такаши Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони Маркази бонувон дар шаҳри Норак» ба шаҳри Норак ташриф овард.

Бино ба маълумоти сафорати Ҷопон дар ҶТ, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ (GGP) барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимияти маҳалии шаҳри Норак аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 110,653 доллари ИМА барои сохтмони маркази мазкур дастрас гашт.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи созмони ҷамъиятии “Бону” дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳри Норак, амалӣ гардид. Маркази мазкур ҳарсола қариб 1500 нафар занони минтақаи Норакро бо курсҳои мухталифи касбӣ аз қабили курсҳои дӯзандагӣ, забономӯзӣ, компютерӣ, ҳамчунин хизматрасонии машваратҳои ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Минбаъд, бо сохтмони бинои нави мустақил, созмони ҷамъиятии “Бону” метавонад бидуни маҳдудияти фазои корӣ, кулли курсҳо ва хизматрасониҳои марказро ба таври нисбатан беҳтар пешниҳод намояд.

Дар рафти чорабинӣ, ҷаноби Камада, ҷ-би Фатҳулло Ҳурматов, Раиси шаҳри Норак ва хонум Фароғат Қурбонова, Директори ташкилоти ҷамъиятии “Бону”-ро ба хотири бомуваффақият анҷом ёфтани лоиҳа табрику таҳният гуфт. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки чунин иншоотҳо, ба монанди маркази бонувон, ки хизматрасониҳои ҳаётан зарурро ба ашхоси ниёзманд пешниҳод менамоянд, бисёр муҳиманд. Ҷ-би Ҳурматов ва хонум Қурбонова зимни сухани ҷавобӣ ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои дастгирӣ намудани сохтмони Маркази бонувон дар шаҳри Норак изҳори миннатдории самимӣ баён намуданд.