Рӯзи 1 сентябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ мактаби нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат бо хонандагон Абдураҳмон Қодирӣ онҳоро бахшида ба Рӯзи дониш шодбош гуфта, изҳор намуд, ки ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир бояд диққати махсус дода шавад. Дар баробари ин Раиси вилоят аз хонандагон, махсусан духтарон даъват ба амал овард, ки дар вақти таҳсил дар мактаб бояд ҳатман соҳиби касбу ҳунар гардида, дар оянда барои оилаи худ кӯмакрасон гарданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ то имрӯз мактаби рақами 27 фаъолият дошт, ки дар он 856 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Дар ин деҳа 4,5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд ва теъдоде аз хонандагон бо тай намудани роҳи дароз ба ин мактаб меомаданд. Бо дарназардошти шароити мавҷуда аз ҷониби сокини деҳаи Метк Маҳкам Ёқубов ва фарзандони ӯ барои аҳолӣ мактаби нав, ки иборат аз 13 синфхона мебошад, бо харҷи қариб 1 миллион сомонӣ бунёд шуд. Ин мактаб дорои китобхона, лабораторияи фаннӣ, устохонаи дуредгарӣ, синфхона барои маҳфили рӯзғордорӣ буда, дар он дар як баст 300 нафар хонандагон ба таҳсил ҷалб мешаванд.
Раиси вилоят зимни боздид аз синфхонаҳо амали саховатмандонаи Маҳкам Ёқубов ва фарзандони ӯро шоистаи ибрат арзёбӣ карда, аз сокинон даъват намуд, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.
Ба мактаби нав аз ҷониби Раиси вилоят 10 номгӯи асбобҳои мусиқӣ, 4 адад компютер, 1 адад принтер, 12 адад тахтаи синфӣ, 30 адад ҷевон барои китобхона, мизу курсӣ барои хонаи омӯзгорон тӯҳфа карда шуд.
Зимнан, дар ноҳияи Ғончӣ бо шумули мактаби нав 66 адад мактаб фаъолият дошта, дар онҳо 33 411 хонанда таҳсил мекунанд. Имрӯз, 1 сентябр дар ин ноҳия зиёда аз 3 ҳазор хонанда барои аввалин бор ба мактаб қадам ниҳоданд.
Таъкид гардид, ки соли равон дар вилояти Суғд маблағгузории соҳаи маориф аз 522 миллиони соли 2014 ба 595,9 миллион сомонӣ расонида шуд ва ин гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф чун соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста