Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такашӣ Камада рӯзи 1-ми сентябри соли 2015 барои мушорикат дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмири шӯъбаи бемориҳои бачагона ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз» ба ноҳияи Дарвоз сафар кард. Ҷаноби Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз низ дар маросим ширкат варзид.
Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба ҳокимияти маҳалии ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои лоиҳаи мазкур 112,268 доллари ИМА дастрас гашт.
Пеш аз татбиқи лоиҳа беморхонаи мазкур ниёзманди таҷҳизоти тиббӣ ва таъмирталаб буд. Бо иҷрои бомуваффақи лоиҳа, бинои беморхонаи марказӣ, аз ҷумла бому системаи барқтаъминкунӣ пурра таъмир гашта бо таҷҳизоти зарурӣ аз қабили монитори қалб, оксигенератор, ЭКГ, дастгоҳи рентгенӣ, дастгоҳи ултрасадо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардид.
Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста