Дар рейтинги нави кишварҳо аз рӯи шароити беҳтари зиндагӣ барои шахсони пиронсол Тоҷикистон мақоми 58-умро касб кард.
Созмони ғайридавлатии HelpAge International (HAI) бо дастгирии СММ як таҳқиқоте анҷом дода, тибқи натиҷаҳои он таҳти унвони Global AgeWatch Index 2015 рейтинги кишварҳо аз рӯи сифати зиндагӣ барои шахсони синни аз 60-соларо таҳия намуд. Рейтинг 96 кишвари саросари дунё ва таҳқиқот 90% аз шумори одамони пиронсоли ҷаҳонро фаро мегирад.
Имсол бо касби мақоми 58-ум Тоҷикистон нисбат ба рейтинги соли гузаштаи HelpAge International мавқеъи худро се зина беҳтар кард.
Кишварҳои дорои шароити беҳтарини зиндагӣ барои шахсони пиронсол Швейтсария, Норвегия, Шветсия, Олмон ва Канада эътироф шудаанд. Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Нидерланд, Исландия, Ҷопон, ИМА ва Британияи Кабир низ шомил гардидаанд.
Дар рейтинги мазкур Қирғизистон мақоми 51-ум, Русия - 65, Украина - 73, Гурҷистон - 29, Арманистон - 43, Литва - 63, Беларус - 64 ва Молдова зинаи 77-умро ишғол намудаанд. Натиҷаи беҳтаринро миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ Эстония соҳиб шудааст, ки дар зинаи 23-юм қарор дорад. Мақоми охирини 96-умро Афғонистон ишғол мекунад.
Мутахассисони HelpAge International маълумоти омории Бонки ҷаҳонӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байнулмилалии меҳнат ва UNESCO-ро мавриди омӯзишу таҳлил қарор додаанд.
Зимни таҳияи рейтинг 13 нишондиҳанда, аз ҷумла миқдори муроҷиатҳо ба муассисаҳои тиббӣ, шароитҳои зиндагӣ, маориф, шумори коркунандагон ва фаъолнокии иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста