Дар ҷараёни вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон, ки аз 8 сентябр оғоз гардида, то 18 сентябр идома меёбанд, интихобкунандагон асосан ба масъалаҳои марбут ба болоравии музди меҳнату нафақа, стипендияву кумакпулиҳо ва ҳамчунин таъмини амният баъди ошӯби мусаллаҳонаи собиқ вазири мудофиаи Абдуҳалим Назарзода таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, вакилон ба интихобкунандагони худ шарҳ медиҳанд, ки вақте ҳукумат ва мардум ягонаанд, ҳеҷ касеву ҳеҷ чизе сулҳу созишро халалдор карда наметавонад.
«Дар робита ба масъалаи болоравии ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо вакилон таъкид месозанд, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир расонд, вале бо вуҷуди ин, дархости мазкур ба ҳукумат расонида мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан таъкид шуд, ки аксари вакилон қайд мекунанд, ки масъалаи болоравии навбатии ҳаҷми музди меҳнату нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо бояд то ахири сол ҳал шавад.
Ёдрас мекунем, ки амалисозии марҳилаи навбатии болоравии ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳо ва стипендияҳо аз 1 сентябри соли равон, ки дар паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр шуда буд, ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.
Дар паёми худ ба парлумон аз 23 январи соли равон президенти мамлакат изҳор дошта буд , ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори ахир моҳи сентябри соли 2013 ҳаҷми маошу нафақа ва кумакпуливу стипендияҳо зиёд шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста