Иттифоқи занҳои соҳибкори Латвия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (ИМЗСТ) омӯзишҳоро дар мавзўи «Ҳавасмандгардонӣ» барои занҳо аз маҳалҳои деҳот ташкил намуд. Мақсади ин тренингҳо аз ҳавасмандгардонии занҳо барои оғоз намудани бизнеси худ ва рушди хизматрасониҳои нави ИМЗСТ барои занҳои соҳибкор иборат буд.
Дар Истаравшан ва Ғончӣ ду тренинг баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 40 занону духтарон иштирок намуданд. Муаллима Жанна Кулакова иштирокчиёнро ба шурӯъ кардани бизнеси худ хонда, бонувонро ба ҳамкорӣ байни якдигар ва таъсиси шабакаҳои соҳибкорӣ даъват намуд. Мутахассисони ташкилоти амонатии қарзии хурд «ИМОН Интернешнл» таҷрибаи худро ҷиҳати идомаи фаъолияти тренингӣ ба ҳайси ташкилкунандагони хизматрасониҳои ояндаи ИМЗСТ таҳти унвони «Клуби занони муваффақ» зиёд карданд.
Аввалин «Клуби занони муваффақ» бо иштироки 25 аъзоёни ИМЗСТ, аз ҷумла муассисони парваришгоҳҳои соҳибкорӣ (бизнес инкубатор), устодон ва қосидони соҳибкорӣ дар ш. Хуҷанд доир гардид. Хонум Жанна Кулакова ба ҳайси барандаи ин клуб буда, дарси такмили маҳорати (мастер класс) ҳавасмандгардонӣ гузаронд. Омӯзишҳои ояндаи ИМЗСТ дар асоси мунтазам ҷалб намудани соҳибкорони корозмуда ва машҳур ташкил мешаванд. Ин боиси ҳавасмандгардонии бонувон, фаъол шудан онҳо дар арсаи иқтисодӣ ва ривоҷи ҳамкорӣ байни бонувон дар ҷодаи соҳибкорӣ хоҳад гашт.
Тренингҳо қисми лоиҳаи «Васеъгардонии ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занҳои Тоҷикистон (TWEET)" мебошад, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар доираи "Барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ" маблағгузорӣ мегардад. Лоиҳа ба беҳтар гардонидани фазои бизнес баҳри ташкил ва амалӣ намудани соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, ки аз тарафи занҳо роҳбарӣ карда мешаванд, равона карда шудааст. Буҷаи умумии лоиҳа 428 ҳазор евро буда, аз он 364,225 евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳод мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста