Дар мусоҳиба ба Радиои СММ ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор доштааст, ки сарфи назар аз вазъи мусбати иқтисодӣ тайи солҳои ахир, бахусус давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон ба ҳар ҳол кишваре боқӣ мемонад, ки дар он сатҳи камбизоатӣ ба қадрӣ кофӣ баланд аст.
Ӯ қайд кардааст, ки тӯли 10 соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 82% то ба 34% коҳиш ёфт, вале ба ҳар ҳол, ин нишондиҳанда ҳам баланд аст.
А.Зуев ҳамчунин муҳим будани рушди баробариии гендерӣ барои Тоҷикистонро таъкид дошта, зикр кардааст, ки «ин яке аз бахшҳоест, ки дар он иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола муяссар нагардид». «Дар соҳаи баробарии гендерӣ, бахусус иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷараёни қабули қарор дар ҳамаи сатҳҳо мушкилот боқӣ мемонад», - иброз доштаст ӯ.
Ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои Тоҷикистон ҳадафҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ аҳамияти хеле муҳим доранд. «Мутаассифона, муддати 5-6 сол вазъ дар мавсими зимистон хеле душвор аст, бахусус дар деҳот, ки аксари аҳолӣ танҳо 2-3 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ин албатта комилан ғайриқаноатбахш буда, аз ин рӯ, вазифаи мазкур ҳамчун афзалияти миллии рушд дар сатҳи давлатӣ ифода ёфта, ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола онро тақвият мебахшад», - гуфтааст Александр Зуев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста