Дар доираи як аксияи идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ва ба муносибати Соли оила назди Хонаи ақди никоҳи «Хушбахтӣ»-и шаҳри Кӯлоб муҷассамаи оила ифтитоҳ гардид.
Аз шаҳрдории Кӯлоб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамин рӯз дар шаҳр маросими хайрияи тӯйи арӯсии ду ҷуфти навхонадорон ва хатнатӯйи 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, чунин аксияҳо имрӯзҳо ҳамчунин дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Муъминободу Восеъ низ ҷараён дошта, чанде қабл дар ноҳияи Данғара ба хотири пешгирии пайвастани ҷавонон ба сафҳои созмонҳои ифротгаро дар мавзӯи нақши оила дар таълиму тарбияи фарзанд семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Тибқи маълумоти дастандаркорони ин чорабинӣ, дар аксияи мазкур ҳудуди 80 нафар кормандони хадамоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста