Аввали ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳои пойтахт ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ҷараёни амалисозии Нақшаи генералиии шаҳр, истифодаи иншооти зербинои шаҳр аз рӯи таъинот, қабл аз ҳама роҳҳои транзитии шаҳр баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба масъалаҳои таъмири хушсифати роҳҳо, ва дар ҳолати хубу корӣ нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр дар остонаи оғози мавсими боришот ҷалб намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масоили омодагии техникаи коммуналии шаҳр ба зимистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва санҷиши ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо низ баррасӣ шуданд.
Бахшида ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки истиқболи ин санаи муҳими рамзи давлатдории миллӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт тарҳрезӣ ва ба ин муносибат барои дарёфти беҳтарин сурудаҳо дар васфу таҷассуми Парчами давлатӣ миёни сарояндагон озмун эълон карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста