Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, дарсҳои омӯзиширо оид ба “Сифати иттилоот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда” дар сатҳи чумҳурӣ барои 360 кормандони тиббии зинаи нахуст, дуввум ва сеюми муассисаҳои тиббӣ, аз он ҷумла роҳбарон, шахсони қарорбарор ва кормандони омори тиббӣ гузаронид.
Дарсҳои омӯзишӣ бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои июл-сентябр гузаронида шудаанд.
Мустаҳкамкунии системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ ва истифодаи он аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати сабти асноди шаҳрвандӣ ҳадафи асосии лоиҳа мебошад.
Системаи DHIS2 барои ворид, таҳлил ва тартиб додани ҳисоботҳо пурра мувофиқа карда шудааст. Он аз санҷиш гузашта аз 1 январи соли 2015 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар реҷаи онлайн ба роҳ монда шудааст. Ҳисоботҳои омории тандурустӣ барои соли 2014 бо истифодаи системаи иттиллоотии DHIS2 бомуваффақият баррасӣ карда шуданд. Сабтҳои асноди шаҳрвандие, ки дар соли 2015 ба қайд гирифта шудаанд, дар идораҳои сабти асноди шаҳрвандӣ бо реҷаи онлайн ворид карда шудаанд.
“Ҳадафи асосии системаи иттиллоотии HMIS (Системаи идораи иттилоотии тандурустӣ) ин баррасӣ кардани маълумоти дақиқу саҳеҳ ва дар асоси маълумоти исботшуда баровардани қарорҳои зарурии дахолатҳои системаи тандурустӣ мебошад. Сифати иттиллоот, истифодаи иттиллоот ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда ин се қисмҳои асоситарини амаликунони бомуваффақияти HMIS мебошад. Бори нахуст, дар Тоҷикистон, роҳбарон, шахсони қарорбарор ва кормандони омори тиббӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Сифати иттиллот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда” бомуваффақият омӯзонида шуданд ва иштирокчиён шавқи баланди худро нишон доданд. Инчунин нақша гирифтем, ки барномаи ин дарсҳои омӯзиширо бо барномаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бипайвандем” – қайд намуд ҷаноби Салоҳиддин Миралиев, роҳбари бахши тандурустии ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.
Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо буҷаи 3,4 миллион евро, системаи электронии ҳисоботиро дар сатҳи миллӣ татбиқ гардонида истодааст. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо консорсиуми ширкатҳои EPOS Health Management (Олмон), ICON-Institute Public Sector (Олмон) бо иштироки Донишгоҳи шаҳри Осло (Норвегия) ва ширкати IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ мегардад. Лоиҳа то моҳи майи соли 2016 татбиқ мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста