Анонс

- Дар Тоҷиистон маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз мегардад;

- Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт агробизнес-форуми «Тоҷикистон - Нидерланд» ба кор шурӯъ мекунад;

- Дар қаламрави пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии будбоши ин воҳиди низомӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор мешаванд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.4565 сомонӣ;

1 евро – 7.2358 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.103 9 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии кӯҳансолон.

Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.

1937 – Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи мактаби мусиқиву балет дар Душанбе қарор қабул кард.

1960 – Мавриди амал қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли мебели Ленинобод (феълан Хуҷанд).

2009 — Парлумони Тоҷикистон Қонуни нави ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

2010 — Президенти Тоҷикистон бо мукофоти олии Академия тиббии Русия - Медали тиллои Блохин сарфароз гардонида шуд.

2013 — Бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нақби «Чормағзак» дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб боз шуд.

2013 — Парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-уми Русияро тасдиқ намуд.

1933 – Зодрӯзи шоира Озод Аминзода.

1937-2011 – Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶТ Акбар Турсунов.

1946-1994 – Мавлуди актёри театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Қурбон Ҳомидов.

1949 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳабибулло Ибодов.

1951 – Мавлуди рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода.

1952-2001 – Зодрӯзи коргардони театр Тоҳир Баҳромов.

1960 – Мавлуди нависанда Маҷид Салим.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.