Дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум, ки санаи 1 октябр доир гардид, дар бораи тағийри номи чор кӯчаи пойтахт қарор қабул шуд.

Тавре аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, минбаъд гузаргоҳи 25-уми кӯчаи Мастонгулов (Титов) - кӯчаи Ҷавонон, кӯчаи Войков - Руҳафзо ва кӯчаи Мир - Чаманзор номида хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, собиқ кӯчаи Панфилов ба номи арбоби ҷамъиятӣ ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанаи Бобо Ҷобиров табдили ном кард.