Бо дастгирии Шуъбаи Ташкилоти Байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Точикистон аз 7 то 9-уми октябри соли 2015 дар шахри Душанбе семинар оид ба таҳсилоти фарогир барои донишкадаҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии омӯзгорон ва коргарони маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мақсади асосии семинар мусоидат ба институсионализацияи барномҳои таҳсилоти фарогир дар системаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон буда, дар чорабинӣ ба масъалаҳои тамоюлҳои муосир дар рушди таҳсилоти фарогир, барномаи таълимии инфиродӣ ҳамчун механизми таъмини дастрасии маълумот ба кӯдакон бо ниёзҳои махсус, таълими муштарак ва рушди касбии омӯзгорон дар таъмини сифати таҳсилоти фарогир таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Иштирокчиёни семинар аз омӯзгорон ва мутахассисони системаи такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии коргарони маориф ва макотибҳои олӣ иборатанд.
Машғулиятҳо аз ҷониби коршинос/тренер - Наталья Софий, директори хазинаи украинии «Қадам бо қадам», директори маркази илмӣ-методии маълумоти фарогири донишгоҳи Киев ба номи Б. Гринченко гузаронида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста