Шурӯъ аз оғози соли равон 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон аз қаламрави ин вилоят ихроҷ шуданд.
Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ 19 адад ҳолати риоя нашудани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ошкор ва нисбати қонуншиканон санадҳо таҳия гардида, онҳо дар ҳаҷми умумии 14,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. «Бар асоси қарори судҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд 12 нафари онҳо аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуданд», - гуфт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра Раёсати муҳоҷирати вилоят ба 351 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 276 нафар шаҳрвандони Чин, 44 нафар шаҳрвандони Туркия, 5 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 18 нафар шаҳрвандони Эрон, 2 нафарӣ шаҳрвандони Русия, ИМА ва Олмон ва ҳамчунин 1 нафарӣ шаҳрвандон аз Филипин ва Молдова иҷозатнома барои кор додааст.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар вилояти Хатлон 43 субъект ба ҷалби муҳоҷирони кории хориҷӣ иҷозатнома дошта, имрӯз дар ин субъектҳо 1 ҳазору 55 нафар шаҳрвандони хориҷӣ машғули коранд, ки 36 нафарашон занон мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста