Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мусоидат ба дарёфти омӯзгореро дархост мекунад, ки толибилмро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки вазорат ин ҳодисаро таҳқиқ дорад, вале он алҳол бенатиҷа буда, омӯзгори нисбати хонанда ба зӯроварӣ роҳдода то ҳанӯз дарёфт нашудааст.
«Омӯзгор аз доираи Кодекси ахлоқи омӯзгор баромада, барои ин бояд ҷазои дахлдор гирад. Мутаассифона, боиси тааҷҷуб аст, ки ҳеҷ кадоме аз ҳамкорон ё директори мактабе, ки ин омӯзгороо медонад, то ҳол ҳеҷ вокунише нишон намедиҳанд. Ҳамчунин аз волидони ин хонанда низ ҳеҷ хабаре нарасидааст, ҳарчанд маълум аст, ки омӯзгор ба қонуншиканӣ роҳ додааст», - гуфт ҳамсуҳбат аз Вазорат.
Ба гуфтаи манбаъ, агар аз ҷониби муасисаи таълимӣ ба муайян кардани ин омӯзгор мусоидат нашавад, пас директори ин мактаб низ барои саривақт огоҳ накардан дар бораи ин ҳодиса ва пешгирии он муҷозот мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки омӯзгоре, ки хонандаро мавриди лату кӯб қарор додааст, метавонад аз кор озод карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд , ки дар он барои аз дарс дер мондан омӯзгор толибилмро лату кӯб мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста