Анонс
- Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба 14 қонуни кишвар баррасӣ мешавад;
- Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Эскпедитсияи аввалини шӯравии илмӣ ба Помир дар соли 1927 (бо тамошои филми мсустанади В.Ерофеев «Помир - Боми ҷаҳон») конфронси илмӣ-амалӣ доир мегардад;
- Дар Душанбе дар доираи озмуни байнулмилалии #EurasiaChallenge оид ба пешниҳоди ақидаи беҳтарин дар бахши технологияҳои мобилӣ дар мавзӯи тарҳрезии тиҷорат тренинги омӯзишии якрӯза баргузор мешавад;
- Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии AgroFood Tajikistan-2015 дар «Кохи Борбад» ба кори худ идома медиҳад;
- Як рӯзи Ҳафтаи Аврупо дар шаҳри Турсунзода доир гардида, дар доираи он конфронси матбуотӣ, фестивали намоиши филмҳои кӯтоҳмуддат, маърӯзахо дар бораи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва консерт бо иштироки ҳунармандони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе доир мегарданд.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 6.5552 сомонӣ;
1 евро – 7.4972 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1 075 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1943 – Таъсиси Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскави ВКХ Иттиҳоди Шӯравӣ (МГИМО).
1962 — Оғози буҳрони баҳри Кариб.
2006 — Аз осорхонаи таърихии воқеъ дар Қалъаи Ҳисор беш аз 60 нигораҳои арзишманд дуздида шуданд.
1929 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муродбек Рамазонов.
1930 – Мавлуди олим-астрофизик, академик Пӯлод Бобоҷонов.
1948 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Салимбек Расулов.
1950 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддинов.
1951 – Зодрӯзи шоир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдаки Раҳмат Назрӣ.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.
Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -3-8, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +22+27.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+24.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста