Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 октябр ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдориро доир намуда, дар ҷараёни он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар зарфи 9 моҳи соли равон баррасӣ шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, раиси пойтахт дар ҷаласа қайд кард, ки нишондиҳандаҳои бадастовардашуда ба имконоти шаҳр ҷавобгӯ нестанд ва аз ин рӯ, ба муовини раиси шаҳр Шуҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳои пойтахт, сардорони Раёсатҳои молия ва андоз супориш дод, ки дар муддати ду ҳафта ҷиҳати ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ дар шаҳр тадбирҳои муассир андешанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолати истифодаи 1111 гектар қитъаи замини, ки бо қарори палатаи болии парлумони ҷумҳурӣ аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба тавозуни пойтахт дода шудаанд ва 2381 гектар қитъаи замин дар қисмати ҷанубу шарқи пойтахт, ноҳияи Варзоб, ки низ ба ихтиёри шаҳр супурда шудаанд, нигаронӣ изҳор намуд.
Раиси пойтахт зикр кард, ки имрӯз ин заминҳо аз ҷониби раҳбарияти ноҳияҳоиРӯдакӣ ва Варзоб тибқи таъинот истифода намешаванд.
Барои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур қарор шуд, ки аз рӯи ин масъала ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиат карда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста