Мири шаҳри Хуан Ши-и Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Денг Син Хуа ва ҳайати гурӯҳи кории маъмурият ва соҳибкорони шаҳри мазкур ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва бародаршаҳр эълон намудани ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо шаҳри Хуан Шии Ҷумҳурии мардумии Чин ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Тавре аз дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, бо ҳамин мақсад дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ва мири шаҳри Хуан Ши Денг Син Хуа бо иштироки ҳайатҳои расмии тарафҳо оиди ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки саҳмдори корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғаюр семент» аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин корхонаи «Хуаксин» мебошад, ки дар шаҳри Хуан Ши-и музофоти Хубэй фаъолият мекунад.
Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки баъди ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, илму техника ва фарҳанг дар байни ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуанг Ши муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин вохӯрӣ соҳибкорони ноҳияи Ёвон низ ширкат варзида, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои банақшагирифташуда барои таҳкими иқтисодии тарафҳо мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон имрӯз соҳибкорони ноҳияи Ёвон бо чандин ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд, ки дар миёни онҳо ширкатҳои чиноӣ мавқеи хоса доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста