Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) барои ба итмом расонидани сохтмони компуси дуюм дар Тоҷикистон, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда бояд соли 2017 ба анҷом расад, бо сармоягузории умумӣ ба маблағи $.94,4 фаъолона кӯшиш мекунад.
Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ДОМ дар ин робита иттилоъ доданд,
дар баробари 64,4 миллион доллар маблағи ҷудокарда аз ҷониби Бунёди Оғохон оид ба Рушд (AKDN), ки аз он 7,5 миллион доллар аз ҷониби Фонди Оғохон, Корпоратсияи Сармоягузории Хусусии Хориҷӣ (КСХХ), ки он муассисаи рушди молиявии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, барои ба анҷом расонидани марҳилаи якуми сохтмон дар шаҳри Хоруғ ба маблағи 30 миллион доллар зиёд кард.
Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ, ки дар баландии 2200 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, идома дорад. Анҷоми сохтмон соли 2017 дар назар аст.
«Воситаҳои муосири дастгирӣ, аз ҷумла таъмини озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббӣ барои кормандони соҳаи сохтмонӣ дар моҳи июни соли гузашта ба анҷом расид, - гуфт манбаъ. - Баъди пурра тайёр намудани майдони сохтмонӣ, марҳилаи якуми сохтмон, ки он майдони 15 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад ва он аз як бинои таълимии сеошёна (манзили истиқоматӣ, китобхона, синфхонаҳо, лабораторияи компютерӣ, ҷойҳои умумӣ барои донишҷӯён, ошхона, нуқтаҳои маъмурӣ ва нуқтаи қабули факулта, идораҳо ва ҷойҳои истиқоматӣ), хобгоҳҳои донишҷӯён, лабораторияҳо, бинои зисти донишҷӯён ва иншооти варзишии дорои дараҷаи байналмилалиро дар бар мегирад».
Дар назар аст, ки вақте Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пурра ба фаъолият оғоз мекунад, компусҳои он дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон амал хоҳанд кард. Ифтитоҳи компус дар шаҳри Нарини Қирғизистон моҳи сентябри соли оянда, дар Хоруғ моҳи сентябри соли 2017 ва дар шаҳри Текелии Қазоқистон соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста