Мардуми оддии таҳҷоии Русия, одамони касбу кори гуногун ба марги тифли 5 -моҳаи тоҷик Умаралӣ Назарзода дар шаҳри Санкт-Петербург вокуниши ҷиддии шахрвандӣ нишон медиҳанд.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита хабар дод, баъди расонаӣ шудани ин қазия, дар радифи вокуниши мақомоти расмии Федератсияи Русия, аз қабили Раёсати Президенти Русия, Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Палатаи ҷамъиятии кишвар ҷомеаи шаҳрвандии Русия низ ба такон омад.
«Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал ба Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрии кишвари мо дар Санкт-Петербург одамони одӣ, сокинони таҳҷоии ин кишвар зангҳои пайдарпайи телефонӣ намуда, изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилии хешро ба хонаводаи ғамзадаи тоҷик дар ин фоҷеа баён медоранд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, ахиран, дар шафати бинои Сафорати ҶТ дар ФР дар хиёбони Гранатний, 13 шаҳри Маскав ва дар назди бинои Консулгарии фахрии ҶТ дар Санкт-Петербург дастаҳои гул, бозичаҳои тифлона ва варақаҳо бо навиштаҷоти самимӣ, аз қабили «Моро бубахш…», «Моро набахш, Умар. Мо арзанда нестем…» пайдо шудаанд. Зимнан зикр гардид, ки ин амалро Сафорати ҶТ дар ФР ҳамчун мавқеи шаҳрвандии сокинони Федератсияи Русия нисбат ба ин фоҷеа, эътирози ҷиддии онҳо бар зидди беаҳамиятӣ, бемасъулиятӣ ва хунукназарии баъзе мақомоти марбута арзёбӣ менамояд. Эҳсос мешавад, ки дар Русия раванди фароҳам омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ бо хусусиятҳои хоси башарӣ таҳким меёбад.







Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста