То интиҳои ҳафта кӯчаҳои «Бӯстон», «Таги сада» ба номи Сайфи Қозиев ва Эшони Шайдои шаҳри Хуҷанд пурра мумфаршу аз таъмир бароварда мешаванд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар маросими оғози корҳои таъмиру мумфаршкунӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ», ки бештари кӯчаҳои номбурда дар маҳаллаи мазкуранд, суҳбат орост.
Гуфта мешавад, роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ният доранд давоми ду рӯзи боқимондаи ҳафтаи равон беш аз ҳафт ҳазору чаҳорсад метри квадратӣ корҳои мумфаршкуниро хушсифат ба анҷом расонанд, ки масофаи умумии он 2,5 километрро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавад, ки танҳо давоми ҳафтаи равон дар маҳаллаи «Суғдиён» боз 1200 метри квадратӣ роҳи байни биноҳои истиқоматӣ пурра мумфарш гардида, беш аз як километри роҳи нақлиётгард ва пиёдагард, ки ба яке аз шоҳроҳҳои асосии Хуҷанд, хиёбони ба номи Р Ҳоҷиев мепайвандад, аз таъмири ҷорӣ бароварданд.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки то имрӯз тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд беш аз 100 кӯчаи марказию дохили маҳаллаҳо таъмир гардида, ҳоло масофаи умумии роҳи таъмири ҷорӣ ва пуррагашта беш аз 80 километрро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Исмоил4 ноябр, 2015 16:57
Ду мох пеш, яъне мохи сентябри соли равон бо иштироки раиси ш.Хучанд мухтарам Рачаббой Ахмадзода барои мумфаршкунии ду кучахои ш.Хучанд - "Дехкон" ва "Садокат" хусни огоз бахшида шуд (тарики телевизион пахш гардида буд) ва нихоят кучаи "Дехкон" пурра мумфарш гардида, кучаи "Садокат" то хол мумфарш нашудааст. Мехостам фахмам: кай ин кор ба итмом мерасад?