Аз 16 то 20 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 16 ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Донишгоҳи Оғохон дар Британияи Кабир, MBO Professional ва Маркази Таълимии “Мултикид”иштирок хоҳанд кард.
Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.
Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф, барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд.
Гуфта мешавад, барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста