Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз 12 ноябр ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони иншооти истиқоматию ғайриистиқоматӣ дар пойтахт мавқуф гузошта мешавад.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарор қайд мешавад, ки ин тасмим ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта вобаста ба таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншоотҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ,  нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, риояи бечуну чарои меъёрҳои сохтмон, таъмини бехатарии маҳалли сохтмон ва ҳамчунин ҳифзи иншооти мероси фарҳангӣ нигаронида шудааст.

Раиси пойтахт ба шуъбаи сохтмони мақомоти шаҳрдорӣ супориш додааст, ки дар мувофиқа бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҶТ дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе гурўҳи корӣ таъсис ва ҳуҷҷатҳои мавҷударо мавриди баррасӣ ва омўзиш қарор дода, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон то 30 ноябри соли 2015  маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

Ҳамчунин ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти шаҳрдории пойтахт дастур дода шудааст, ки лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанберо таҳия кунад.