Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» рӯзҳои 17-18 ноябр дар Душанбе доир мегардад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ созмон дода мешавад.
Аз Дафтари САҲА дар ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин иттилоъ доданд, ки рӯзи аввали конфронс коршиносони миллӣ ва байнулмилалӣ таҳқиқот оид ба имконоти таъсиси танзимгари наздикшавӣ (конвергентӣ) барои хизматгузориҳои телекоммуникатсия ва пахши барномаҳои телевизиону радио дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Таҳқиқоти мазкурро гурӯҳи корие, ки бо дархости Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз ҷониби Дафтари САҲА дастгирӣ ёфт, омода кардааст.
Рӯзи 18 ноябр ваҷҳу далелҳои ҷонибдорӣ ва мухолиф будани таъсиси танзимгари наздикшавӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасии гурӯҳи коршиносон қарор мегиранд. Дар се гурӯҳ коршиносон талаботи сохторӣ ва молиявӣ барои танзимгари мустақили телекоммуникатсионӣ, танзимгари мустақили пахши барномаҳо ва танзимгари наздикшавиро баррасӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки конвергенсия (наздикшавӣ)-и телекоммуникатсия ва пахши барномаҳоро коршиносон ба сифати ҷараёне арзёбӣ мекунанд, ки технология ва хизматгузориҳоро ба як низоми мавзуни интерактивии хизматгузорӣ барои қаноатбахш қонеъ кардани дархостҳои истеъмолгарон муттаҳид менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста