Шумори ақди никоҳҳои сабтшуда аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 20% камтар шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон дар мақомоти расмӣ маросими ақди никоҳи 53 ҳазор ҷуфти навхонадорон (ҳамин давраи соли 2014 - ҳудуди 67 ҳазор ҷуфт) сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ коҳиши шумори ақди никоҳ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат бештар дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта шумори ақди никоҳҳои навхонадорон ба миқдори 25% камтар шудааст.
«Дар муқоиса бо соли гузашта тайи 10 моҳи соли ҷорӣ шумори ақди никоҳ дар ноҳияҳои тобеи марказ - 22% (наздики 12 ҳазор ҷуфт), шаҳри Душанбе - 17% ва ВМКБ - 14% камтар сабт шудааст», - қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан таъкид мешавад, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 174 никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳукуматдорон боисрор ба худдорӣ кардан аз чунин издивоҷҳо даъват мекунанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар вилояти Суғд - 149, ноҳияҳои тобеи марказ - 13, вилояти Хатлон - 10 ва шаҳри Душанбе - 2 никоҳҳои хешутаборӣ ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста