Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар робита ба ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ, рӯзи 24 ноябр аз соати 7-и субҳ то анҷоми раҳпаймоии шаҳрвандон аз назди муҷассамаи Сино дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад.
Ғайр аз ин, аз соати 16-и нимаи дуюми рӯз то анҷоми чорабинӣ ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар назди маҷмааи «Наврӯзгоҳ» баста мешавад. Дар ин ҷо соати 17-00 раҳпаймоии тантанавӣ ва консерт доир мегардад, ки дар он беш аз 8 ҳазор нафар сокинони пойтахт бо парчами Тоҷикистон дар дастонашон иштирок мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон, ки шурӯъ аз соли 2009 таҷлил мегардад, дар пойтахт ҳамчунин мизҳои гирд, конфронс, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор шуда, тамоми шаҳр бо шиору овезаҳои идона оро дода мешавад.
Бо қарори раиси пойтахт ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ бо нишонаҳои дорои аломати парчами Тоҷикистон таъмин мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста