Ояндаи наздик пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ), ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта буд, кӯчонида мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани пояи сутуни мазкур дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
«Ғайр аз ин, моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид. Аз нигоҳи меъморӣ дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки баландии пояи сутуни нав бо нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста