Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фаридуни Хуршед, шавҳарри овозхон Фарзонаи Хуршедро барои нақзи қонунгузорӣ дар гузаронидани маросими гавҳорабандони фарзандаш 4,4 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Тибқи маводи пешниҳодкардаи Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, суд исбот кардааст, ки онҳо маҳз маросими гаҳворабандони кӯдакшонро баргузор намудаанд.
Аз Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз омӯзиши маводи пешниҳодшуда аз ҷониби оила оид ба баргузор кардани ин маросим дар тарабхона, мутахассисони кумита ба хулоса расидаанд, ки дар он муқаррароти қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо риоя нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябр оилаи овозхонҳо дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт маросими гаҳворабандони духтарчаашон - Закияро баргузор намуданд, ки тобистони ҳамин сол ба дунё омад. Сабаби оғози парванда наворҳои видео ва аксҳои гузошташуда аз ин маросим дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Баъдан Фарзонаи Хуршед дар ин робита изҳор намуда буд, ки маросими мазкур на ба хотири гаҳворабандони духтари ӯ, балки барои баргузор намудани хатнатӯйи 2 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат доир гардида буд.
Мақомоти Кумитаи дин ба радиои Озодӣ гуфтаанд, Фаридуни Хуршед моддаи 9-и қонуни танзими ҷашну маросимҳоро нақз карда, дар ин модда зикр шудааст, ки «маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста